Китобхонаи милли что это
Китобхонаи милли что это
Таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори муассиса Ҷалолиддин Нурзода ифтитоҳ намуда, ҳозириниро ба фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ – иди
Китоби нав. Қаҳҳори Расулиён. Осори мунтахаб. Ҷилди 3
Зиндагӣ. Яъне чӣ? Солҳои тўлонист, ки инсонҳо, бахусус ашхоси мутафаккир дар бораи сарфаҳм рафтан ба маъно ва муҳтавои ин вожа ва ин падида фикр мекунанду андеша меронанд. Аммо ҷавобҳо ва хулосабарориҳо гуногунанду қонеънакунанда. Чунки зиндагӣ худ як муамоест сарбаста ва дорои ҳазорҳо паҳлў.
Зиндагӣ он аст, ки ҳар як инсон дар куҷое, ки хоҳад ва ти тавре, ки хоҳад бипўшад. Албатта, дар чаҳорчўби қонунҳои ҷории кишварию байналмилалӣ. Аммо ин тарзи зиндагӣ, ки бо маънои томаш зиндагии воқеӣ аст, ба
теъдоди хеле кам андар ками инсонҳо муяссар мегардад.
Лаҳзаҳое бо устод Муҳаммад Ғоиб. Ёде аз як суҳбате, ки ду сол пеш буд
Ин суҳбати ҳамкорамон Фарзонаи Мирзо ду сол пеш анҷом шудаву дар сомонаи мо чоп шуда буд. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Муҳаммад Ғоиб, ки ду рӯз инҷониб мавҷи табрикот ба муносибати зодрӯзашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарозер шудааст, назари худро дар чанд мавзӯъ иброз дошта буданд. Ин суҳбат имрӯз ҳам муфид аст ва гумон мекунем
Китобхонаи миллӣ ҳамчун ҳифозатгари мероси маънавии ниёгон
«Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои
Чаро устод Айнӣ ба Додоҷон Тоҷиев мактуби кушод навишт?
Ду рӯз қабл дар сомонаи худ мо мактуби кушоди устод Садриддин Айнӣ ба профессор Додоҷон Тоҷиевро интишор дода будем. Ин номаро забоншиноси маъруф Давлатбек Хоҷаев дар китоби худ “Инсони комил ва олими фозил”, ки ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Додоҷон Тоҷиев бахшида шудааст, чоп карда буд. Нома бидуни шарҳ чоп шуд ва дар идомаи мутолиаи китоби Давлатбек Хоҷаев мо посухи суоли чаро устод Айнӣ ба унвони Тоҷиев ин гуна нома навиштро пайдо кардем, ки дар зер меорем.
ЛУҒАТИ ДЕҲОТӢ ВА ТАҚРИЗИ УСТОД БА ОН
Соли 1971 буд. Дар пажўҳишгоҳи забону адабиёти АИ Ҷумҳурӣ
Тақдими китоби 15 китоби бо забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ чопшудаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»
Бо ибтикори Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Китобхонаи миллӣ соҳиби 15 китоби дигари Пешвои миллат шуд, ки миёни солҳои 2020-2021 ба забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон чоп шудаанд.
Дирўз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 15 адад китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ахиран русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар Қазоқистон чоп шудааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тўҳфа намуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон иброз дошт, ки ин ибтикор барои ошноии бештари ҷомеаи
Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзализода Ҷумахон Хол – доктори илмҳои педагогӣ, профессор
14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Солҳои 1970-1980 – таҳсил дар мактаби миёнаи №8 деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил кардааст.
Соли 1981- коргари бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик.
Соли 1981-1982- коргари комплекси гӯсфандпарварии совхози Кангурт.
Солҳои 1982-1984- адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск.
Солҳои 1985-1986- коргари бригадаи №3 совхози боғутокпарварии ба номи Исмат Шарипови ноҳияи Темурмалик.
Солҳои 1986-1987- мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомолии совхози Кангурти ноҳияи Совет. (бо ҳуқуқу ихтиёроти кумитаи ноҳиявӣ)
Солҳои 1987-1992 донишҷўи факултети таърихи Институти давлати педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко.
Солиҳои 1990-1992-муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби миёнаи №62-и шаҳри Душанбе.
Солҳои 1992-1996- ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко.
Солҳои 1995-1998- аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.
Солҳои 2000-2007- муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.
Солҳои 2000-2003-муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.
Солҳои 2007-2008-декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Солҳои 2008-2011- сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада.
Солҳои 2011-2013- муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
Солҳои 2014-2017- аввал дар вазифаи сардори раёсати таълим ва сипас баъди тағйир ёфтани сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сардори шуъбаи таълим кор кардааст.
Соли 2017-2020- муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
04.02.2020- бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Соли 2006 рисолаи номазадиро дар мавзӯи “Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил” ва соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзиши он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» дифоъ кардааст.
Муаллифи беш аз 80 нигориши: 13 кори илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ ва ғ. мебошад.
Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2020) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 3 писару 1 духтар мебошад.
Шуъбаи матбуоти даврӣ
Шуъбаи матбуоти даврӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллӣ буда, мақсади асосии он фароҳамоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба хонандагон пешниҳод намудани фонди матбуоти даврӣ мебошад. Шуъба соли 1935 дар тобеияти шуъбаи нигоҳдори китоб ҳамчун бахши матбуоти даврӣ таъсис дода шуда баъдан бо сабаби ба маротиб афзудани нашрияҳо ва баланд гардидани таваҷҷуҳи хонандагон соли 1977 бахши мазкурро ба шуъбаи алоҳида табдил доданд. Аз он замон то имрӯз шуъба барои ҷамъоварӣ кардан ҳифзу нигаҳдорӣ намудани матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ғанӣ гардонидани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузоштааст.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ватанию хориҷӣ бо истифода аз матбуоти даврӣ;
– ташкил, ҳифз, таъмини нигоҳдории матбуоти даврӣ ва пешниҳоди онҳо ба истифодабарандагон;
– фароҳам оварии фонди матбуоти даврӣ ва нашрияҳои давомдоре, ки дар ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он дар бораи Тоҷикистон табъу нашр мегарданд;
– нигаҳдории фонди матбуоти даврӣ тавассути баҳисобгирӣ ва ҷобаҷогузорӣ, муҳофизати бехатар, назорати пайваста ва таъмини раванди истифодаи самараноки онҳо;
– таҳияи феҳристи матбуоти даврии ватанӣ ва ғ.
Реҷаи корӣ: аз соати 8 00 то 22 00
Рӯзҳои корӣ: душанбе-якшанбе
Сардори шуъба: Аминов Шафқат Файзуллоевич
Сухан аз муаллифи “Алифбо”-е, ки 47 маротиба нашр шудааст
Профессор Ҳилол Каримов миёни мардум чун муаллифи китоби “Алифбо” шуҳрат дошт. Даҳсолаҳо аз “Алифбо”-и срилики ӯ хату савод меомӯхтанд. Аз ҷумлаи забоншиносони матраҳ дар кишвар буд. Омӯзгори соҳибтаҷриба ва даҳсолаҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи миллист, дарси забон омӯхтаст. Аз таваллудаш 113 сол гузашт ва аз вафоташ 36 сол.
Каримов Ҳилол Каримович забоншинос, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон 15 майи соли 1908 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Собиқадори маорифи халқи РСС Тоҷикистон, соли (1973) профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1963), Аълочии маорифи халқи СССР (1972). Дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна се сол (то соли 1932) хондааст.
Шуъбаи тайёрӣ, баъд худи аспирантураи Институти марказии татқиқоти илмии педагогии миллатҳои РСФС-ро хатм кард (1932-1935).
Солҳои 1935-1941 референти комиссари маорифи халқи РСС Тоҷикистон, ходими илмии Институти тадқиқоти илмии мактабҳо буд. Солҳои 1941-1946 дар сафи Артиш хизмат кардаву дар ҷабаҳоти ҷангӣ зидди гитлерчиён ҷангидааст.
Солҳои 1946-1951 ҷонишини вазири корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон будааст. Соли 1951 кори дипломатиро ба кори омӯзгорӣ иваз кард ва ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамзамон директори ИТИИП (1954-1961) буд. Аз соли 1961 мудири кафедраи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳилол Каримов муаллифи чандин китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла китоби «Алифбо» буд, ки аз 1933 47 маротиба нашр шудааст, ҳамчунин муаллифи «Забони форсӣ» (барои синфҳои 5-6-и мактабҳои миёна) буд. Баъзе бобҳои китоби «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро навишта, дар тартиб додану таҳрири як қатор луғатҳо иштирок кардааст.
Вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 2), вакили анҷумани 2 умумииттифоқии муаллимон буд.
Бо 2 ордени «Нишони фахрӣ», чандин медал ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ў соли 1985 дар синни 77-солагӣ аз олам гузашт.
Бо каме таҳрир аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1981. – Ҷ.3. – С. 248.
Муаллиф: Ф. Хоҷаев
Дар Китобхонаи миллӣ аз профессор Ҳилол Каримов ва дар бораи ӯ метавонед ин китобҳо ва мақолаҳоро хонед:
Алифбо барои соли аввал. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1934. – 68 с.
Алифбо барои мактаби ибтидоии калонсолон. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1936. – 74 с.
Саводомўзӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1937. – 34 с.
Омўхтани савод нишондодҳои методии муаллимони мактабҳои маҳви бесаводӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1938. – 28 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1938. – 70 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1940. – 96 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1941. – 94 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1954. – 96 с.
Алифбо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1954. – 96 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1958. – 94 с.
Ёддоштҳои ҳамкорон шогирдон ва дўстон. – Душанбе, 1998. – 62 с.
Қисмати тиллоӣ: Нақли профессор, мудири кафедраи забони форсии Университети давлатии Тоҷикистон дар арафаи Иди Октябр // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 6 ноябр.
Дар бораи профессор Ҳилол Каримов:
Маҷидов, Ҳ. Ҳилол Каримов-Муаллими Нахустини мо. – Душанбе: Маориф, 1982. – 64 с.
Юнусов, А. Ҳилол Каримович Каримов. – Душанбе, 2008. – 60 с.
Маҷидов, Ҳ. Нахустин устод: Дар бораи ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон, дотсент Ҳилол Каримов // Машъал ва маданият. – 1967. – 30 сентябр.
Сидқӣ, А. Калиди дониш: Дар бораи китоби «Алифбо» ва муаллифи он Ҳилол Каримов // Мактаби ибтидоӣ. – 1969. – №1. – С. 36-40.
Манко, Е. Вақте, ки алифборо ба даст мегиред…: Дар бораи эҷодиёти Ҳилол Каримов // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 24 август.
Маҷидов, Ҳ., Юнусов, М. Муаллими муаллимон: Дар бораи Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон Ҳилол Каримов // Мактаби советӣ. – 1978. – №8. – С. 61-62.
Мирзоев, А., Рауфов, Ҳ. Дар хизмати халқи ватан: Дар бораи доктори илми филология, муаллифи «Алифбо» Ҳ. Каримов // Маориф ва маданият. – 1978. – 23 май.
Сиддиқов, С. Маҳбуби ҳама: Профессор Ҳилол Каримов // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №9. – С. 18.
Ҳошимӣ, Ҷ. Барои муаллифи «Алифбо»: Шеър барои Ҳ. Каримов // Пионери Тоҷикистон. – 1982. – 26 декабр.
Обидов, И. Муаллими муаллимон: Ба муносибати 80-солагии Ҳилол Каримов // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 2 июн.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…
30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхист. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод Халилуллоҳи ХАЛИЛӢ, ки боз ҳам азамату шуҳрат ва маҳбубияти Мавлоноро нишон медиҳад:
“…роҳбарони мусалмонон акобиру роҳибони аҳли насоро ва яҳудро даъват карданд ва ба онҳо гуфтанд, ки ин воқеъа (яъне маросими дафни Мавлоно ба шумо чӣ тааллуқ дорад?) Онҳо гуфтанд:
“- Мо ҳақиқати Мӯсо ва Исо ва соири анбиёро аз баёни ӯ дониста будем ва равиши авлиёи акмалро, ки дар китоби худ хонда будем дар вуҷуди шарифи вай дида будем. Мо ӯро Мӯсо ва Исои вақт медонем – ҳазрати Мавлоно офтоби ҳақиқат аст, ки бар оламиён тофта. Офтобро ҳама дӯст доранд. Яке аз рӯмиён гуфт: – ақидаи Мавлоно мисоли нон аст ва ҳеҷ гурусна аз нон нагурезад”.
Ҷалолуддини Румӣ шоир, мутафаккири бузурги асри XIII-и форсу тоҷик соли 1207 дар Балх таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Муҳаммад, лақабаш Ҷалолуддин нисбаташ румист. Дар адабиёт бо нисбати Балхӣ низ ёд мешавад. Падараш Баҳоуддинвалад фақеҳи маъруфу машҳур буд ва аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ў бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Аз Нишопур Ҷалолуддини Румӣ бо аҳли оилааш ба Шом, Ҳалаб, Арзанҷон азимат намуда, ба омўхтани илоҳиёт, фиқҳ, риёзиёт, таърих ва дигар илмҳои замона машғул шуд.
Соли 1232 ў ба назди шайхи маъруф Бурҳонуддин омад. Ҷалолуддини Румӣ аз ў тариқати сўфия ва шариатро омўхтааст. Баъди вафоти Бурҳонуддин ў барои таҳсил ба Шому Ҳалаб рафт. Аввал дар мадрасаи Ҳаловия таҳсил карда, баъди муддате ба Қуния омад ва пешаи мударрисиро ихтиёр кард. Ҷалолуддини Румӣ дар Қуния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо кард ва ўро устоди маънавии худ хонд. Ҷунбиши футувват ё худ ҷавонмардӣ ифодаи беҳтарин идеалҳои ахлоқии замони Ҷалолуддини Румӣ буд.
Ҷалолуддини Румӣ осори бое дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ гузоштааст. Вай мутафаккири бузурги замонаш низ буд, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузурге дошт. «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Мактубот» шоҳиди барҷастаи он мебошанд.
Муҳимтарин асарҳои ў инҳоянд:
Бузургтарин асари ў “Маснавии Мавлавӣ”, ки соли 1259 ба навиштани ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст, мебошад. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50 ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Вай Ҷалолуддин Муҳаммад ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сўфия гароиш дошт ва маҷмўае аз мавоизи ў ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади тадрису фатво бо муридону дўстони бисёр дошт ва ўро Султон-ул-уламо низ мехонданд. Балх дар он замон ҷузви қаламрави фармонравоии Хоразмшоҳ буд ва Баҳои Валад дар он ҷо ба ҳурмату ҳишмат (шукўҳу ҷалол) мезист. Аммо аз Хоразмшоҳ ранҷише ёфт, ки сабаби он дуруст маълум нест. Шояд вуҷуди имом Фахри Розӣ, як воизи дигар, ки бо сўфия миёнае надошт ва шоҳ бад-ў дил баста буд, вайро аз ў озурдахотир дошта буд. Ва шояд низ бад-он ҷиҳат, ки султони Хоразм бо халифаи Бағдод дил бад карда буд, Баҳои Валад мисли бисёре дигар аз мусалмонони вақт аз вай ранҷида буд. Дар ҳар ҳол, воизи Балх ҳангоме ки писараш Ҷалолуддин кўдаки хурдсол буд, аз Балх берун омад. Чанде дар ҳудуди Вахшу Самарқанд мебуд, он гоҳ азимати ҳаҷ кард. Аз роҳи Нишопуру Бағдод ба Ҳиҷоз рафт ва дар бозгашт аз Макка якчанд муддат ба Шом шуд. Ҳангоме, ки Хоразму Мовароуннаҳр ба дасти муғул афтода буд ва Хоразмшоҳ саргаштаву дар ба дар аз пеши сипоҳи душман мегурехт, Баҳои Валад дар Арзинҷон ва Сивос (шаҳре дар Рум) ба Осиёи Сағир буд. Чанд соле низ дар он шаҳр ва Лоранда ба сар бурд ва дар ин замон писараш Ҷалолуддин бешу кам ҳаждаҳсола буд. Дар муддати иқомат дар Лоранда буд, ки модари Ҷалолуддин – Муъминахотун вафот ёфт ва Ҷалолуддин ҳам ба ишорати падар Гавҳархотун – духтари Шарафуддини Лолоро ба занӣ гирифт. Чаҳор соле баъд аз ин воқеа Баҳои Валад ба хоҳиши султони салчуқии Рум Алоуддини Кайқубод раҳ ба Қуния кашид ва он ҷо монд то ду соле баъд, ки ҳам дар Қуния вафот ёфт.
Ҳангоми вафоти падар Ҷалолуддин, ки ҷавони бисту чаҳорсола буд, ба хоҳиши муридон маснади тадрису минбари вазъи Баҳои Валадро ишғол кард ва ба ҷои падар нишаст. Як соле аз вафоти Баҳои Валад гузашта буд, ки Бурҳони Муҳаққиқ – Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, аз муридони қадим ба шавқи дидори Шайх ва устоди хеш ба Қуния омад. Аммо устод мурда буд ва писараш Ҷалолуддин, ки худ маснади тадрису фатво дошт, дасти иродат ба вай, ба ин шогирду муриди падар дод ва Сайид Муҳаққиқ Ҷалолуддини ҷавонро таҳти иршоду тарбияти хеш гирифт. Чанде ўро ба Ҳалабу Димишқ фиристод ва андак-андак бо маорифи сўфия ошноии тамом дод.
Достони Мавлоно ва Шамс
Баъд аз марги Бурҳони Муҳаққиқ, ки зоҳиран ба соли 638 рўй дод, Ҷалолуддин якчанд аз суҳбати пире маҳрум монд. Муридон бар вай ҷўшиданд ва ҳавзаи вазъу тадриси ў равнақе ёфт. То соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ў сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шўридаи бесару сомон, ки ба сабаби ҷаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурўшон хона гирифта буд.
Достони бархўрди ў бо Ҷалолиддин, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷуҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ў ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ўст, Мавлоноро чунон маҷзуб кард, ки кори дўстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омўхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард. Дар ҳақиқат, аз суҳбати ин дарвеши шўридаи бесомон чунон инқилобе дар вуҷуди Мавлоно падид омад, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод ва ба тарки маснади тадрису фатво гуфт. Соатҳову рўзҳо бо Шамс хилват мекард ва ба ҷои намозу рўзаву ваъз ба самою рақсу ваҷд мепардохт ва бад-ин гуна аз шайху шайхзодаи Қуния ҷуз дарвеше шўридаву беором намонд. Ин амр сабаби хашму норизоии муридони Мавлоно гашт. Муриду муродро сарзанишҳо карданд ва махсусан, Шамсро ҷодугар хонданду таҳдид карданд.
Шамс ночор чанде аз Қуния ғайбат кард ва ба Димишқ рафт. Мавлоно як писари хеш – Султон Валадро дар паи ў фиристод ва ўро ба Қуния боз овард. Аммо ин таҷдиди суҳбат тўле накашид ва Шамс ба ногоҳ боз нопадид шуд. Баъдҳо шоеъае падид омад, ки Шамс ба дасти муридони Мавлавӣ кушта шуд. Гуфта шуд, ки Алоуддин – писари дигари Мавлоно низ дар ин тавтиа дасте дошт. Аммо ин шоеъа дар осори Мавлавӣ мунъакис нест. Мегўянд ин воқеаро аз Мавлоно пинҳон доштанд ва ў ба ҳамин ҷиҳат то поёни умр аз дидори Шамс навмед нашуд ва ду бор низ ба талаби ў азимати Шом кард. Ва албатта, аз он гумшуда нишоне наёфт. Дар сурате, ки ҷасади ўро баъд аз Мавлоно аз чоҳ берун оварданду дафн карданд. Албатта, агар ин воқеа рўй додааст, чун Мавлоно аз он ҳаргиз огоҳ нашудааст, шўру шавқе, ки то поёни кор нисбат ба Шамс нишон додааст, аҷаб нест. Аммо агар Султон Валад низ дар китоби хеш бо ин фоҷиа ишорат накардааст, лобуд барои он будааст, ки намехостааст номи бародар ва шуҳрати муридони падарро олуда кунад, бо ин ҳол ин нукта, ки дар ҳалқаи ёрони Мавлоно қатл воқеъ шуд ва бо вуҷуд мухолифони вай – шаҳнаву қозӣ ба таҳқиқ дар он напардозанд, ғариб менамояд ва сиҳати асли ривоятро (шубҳаовар) месозад.
Бо Салоҳиддини Заркӯб
Ғайбати ногаҳонии Шамс Мавлавиро беш аз пеш ба дунёи ишқу ҳаяҷон кашонид. Чунон ки маснади ваъзу тадрисро яксара тарк кард ва бар хилофи интизори муридон аз он пас Мавлоно худро ба куллӣ таслими ваҷду самоъ кард ва ғазалҳои «Девони Шамс» ёдгори ин шўру ҳаяҷони рўҳонии ўст. Чанде баъд аз ғайбати Шамс Салоҳуддини Заркўб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шўру гармӣ бо ин муриди омию содаи хеш дил баст ва ўро бо вуҷуди нохурсандиҳои муридон ноибу халифаи хеш кард. Муридон ин бор низ биранҷиданд ва ҳатто, дар садади қатли Салоҳуддин баромаданд. Аммо Мавлавӣ аз изҳори шавқу муҳаббат дар ҳаққи ин Заркўби Қуния бознаистод. Духтари ў Фотимахотунро барои писари хеш Султон Валад гирифт ва худи ўро то зинда буд, муддати даҳ сол, тавозуъ ва такрими беҳад мекард. Чунон ки баъд аз ў низ Ҳисомуддини Чалабӣ – як ахизодаи курднажоди Урумия, ки падаронаш аз ҷавонмардони номдори вилоят буданд, то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриду муроди ў буд ва ҳамин дўстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Чунон ки ёди Салоҳуддини Заркўб низ мисли хотираи Шамс дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда шуд.
Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салҷуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ў иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ў рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ – орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ў аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ў гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрўй ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сўфиёна мепўшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ў аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ў ҳозир шавад ва шўру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехўрд, аз вай тавозуъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.
Толибилме, ки бо сўфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегўӣ, якеам», якрангиву сулҳҷўии ў то бад-ин ҳад буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. Дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ дар поёни беморие, ки зоҳиран таби муҳарриқа буд, Мавлоно дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурў баст. Шайх Садруддини Қунавӣ бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҷасади ўро дар ҷавори турбати падараш, ки мавсум ба боғи Султон ё Ирамбоғча буд, дафн карданд. Биное ҳам ба номи «Қуббаи хазро» ба нафақаи бузургони аср ва муридон бар турбати вай падид омад. Он ҷо оромгоҳи хонаводагии аҳфоди вай шуд ва то кунун наздики панҷоҳ тан аз фарзандони вай дар он оромгоҳ осудаанд.
Ў соли 1273 дар Қуния вафот кардааст.
Бозчоп аз Энциклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ. 8. – С. 446-449. Муаллиф Н. Одилов
Аз Ҷалолиддин Мавлавии Балхӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҷӯё шавед:
Ҳикояҳои халқии «Маснавӣ» / Ба чоп тайёркунанда ва муаллифи сарсухану тавзеҳот Р. Ҳодизода. – Душанбе: Нашрдавтоҷик, 1963. – 279 с.
Ҷалолиддини Румӣ: Мухтасари тарҷумаи ҳол, порчаҳо аз «Маснавии маънавӣ» ва намунаҳо аз ғазалиёту рубоиёт // Гулшани адаб. – Душанбе, 1975. – Ҷ. 2. – С.60-85.
Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад: Шеър // Наврўзӣ. – Душанбе, 1981. – С.84.
Рубоиёт / Мураттиб ва муаллифи сарсухан З. Зарифов. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 96 с.
Рубоиҳо // Наврўз муборак. – Душанбе, 1985. – С.16-17.
Латоиф-ул-луғат: Фарҳанги «Маснавӣ»-и Ҷ. Румӣ, ки Абдулатиф ибни Абдуллоҳи Кабир таълиф кардааст // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ. 2. – С.90-91.
Девони кабир: Маҷмуаи ғазалҳо. – Душанбе: Адиб, 1993. – Ҷ. 2. – 464 с.
Маснавии маънавӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 728 с.
Табиб ва пири ранҷур // Хорпуштак. – 1963. – № 1. – С.9.
«Шайх мурд, ки мурд» // Хорпуштак. – 1964. – № 2. – С.9.
Гулчине аз ғазалиёт // Садои Шарқ. – 1969. – № 8. – С.108-115.
Рубоиёт / Ба чоп тайёркунанда А. Афсаҳзод // Садои Шарқ. – 1972. – № 1. – С.119-126.
Рубоиёт / Ҳозиркунандаи чоп И. Ҳидоятов // Маориф ва маданият. – 1973. – 15 март.
Ғазалиёт // Садои Шарқ. – 1980. – № 7. – С.118-131.
Зарифов, З. Покиза шаву рост бизӣ, илм омўз!: Осори Ҷалолиддини Балхӣ // Газетаи муаллимон. – 1982. – 10 август.
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад: Порчаҳо аз «Маснавии маънавӣ» / Таҳияи Ф. Наҷмонов // Садои Шарқ. – 1984. – № 6. – С.84-97.
Сиддиқов, С. Чанд намуна аз гуфтори ҳакимонаи Мавлавии Румӣ // Машъал. – 1987. – № 10. – С.18.
Порчаҳо аз «Девони кабир» / Таҳияи С. Сиддиқ // Садои мардум. – 1991. – 12 январ.
Моҳи рўза: Шеър // Пахтакор. – 1992. – 7 апрел.
Бути нафс: Андарзҳои ҳакимона аз ҳикояти «Маснавӣ» // Паёми Душанбе. – 1993. – 7 январ.
Даҳ ғазал // Илм ва ҳаёт. – 1998. – № 7-8. – С.16.
Дурдонаҳои назм // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 22 январ.
Рубоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 24 август.
Ҳикояҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»: Аз Мавлонои Балхӣ (Ҷ. Румӣ) // Адаб. – 2009. – № 3. – С.15-22.
Биё то қадри якдигар бидонем: Шеър // Паёми Душанбе. – 2014. – 1 октябр.
Андарзҳо // Маърифати омўзгор. – 2016. – № 9. – С.12.
Аз дили ту то дилам; Эй ошиқон, эй ошиқон…: Шеърҳо // Ҳақиқати Суғд. – 2017. – 30 сентябр.
Ин нону оби чарх чу сел аст бе вафо: Шеър // Анвори дониш. – 2018. – 5 март.
Дар бораи МАВЛОНО
Ҷалолиддини Румӣ: Ба муносибати 760-солагии рўзи таваллудаш // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1967. – Душанбе, 1967. – С.76-78.
Одилов, Қ. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддин Румӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 110 с.
Мирзозода, Х. Ҷалолиддин Муҳаммади Румӣ // Таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 1977. – Қисми 2. – С.43-45.
Рауфов, Ҳ. “Латоиф-ул-луғот”: Фарҳанги тафсирии Ҷалолуддини Румӣ // Энциклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. – Ҷ. 3. – С.605.
Афсаҳов, А. Ҷалолиддини Румӣ: Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷ. Румӣ // Маориф ва маданият. – 1963. – 28 март.
Девонақулов, А. Қозизода ва қозизодаи Румӣ: Ҷавоб ба пурсиши хонандагон // Маориф ва маданият. – 1969. – 11 январ.
Афсаҳзод, А. Рубоиёт: Мухтасар дар бораи рубоиёти Ҷалолиддин Румӣ // Садои Шарқ. – 1972. – № 1. – С.118-119.
Ҳамидзода, Ҳ. “Ҷалолиддини Румӣ” / Тақриз ба китоби Радий Фиш “Ҷалолиддини Румӣ” // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1973. – 29 март.
Фрешер, Н. Най: Шеър бахшида ба Ҷалолиддин Румӣ / Тарҷумаи Ш. Ҳайрат // Маориф ва маданият. – 1975. – 29 март.
Фиш, Р. Дар оромгоҳи Мавлонои Рум: Қайдҳо аз сафари Туркия // Садои Шарқ. – 1977. – № 1. – С.76-84.
Сиддиқов, С., Шаҳидӣ, М. Асрори олами ишқ: Дар бораи ашъори Ҷалолуддини Румӣ // Садои Шарқ. – 1980. – № 7. – С.116-118.
Одилов, Н. Қавми ҳар миллате бар ў ошиқ: Ба 775-солагии зодрўзи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ // Газетаи муаллимон. – 1982. – 16 октябр.
Ғаффоров, А. Қитъаи шеър: Муҳаммад Иқбол ва Ҷалолиддин Румӣ // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 29 январ.
Башир, М. Паёме пас аз ҳашт сада: Ҷашнномаи Ҷалолиддини Румӣ // Адабиёт ва саъат. – 1989. – 2 ноябр.
Комилов, Р. Ҳар нафас нав мешавад дунёи мо: Назаре ба афкори Ҷалолуддини Румӣ // Илм ва ҳаёт. – 1990. – № 9. – С.17-18.
Илҳом, Р. “Маҳфуми дарё” дар ашъори Ҷалолиддини Румӣ / Таҳияи Иброҳим Калонов // Омўзгор. – 1991. – 6 ноябр.
Ахлоқ ва одоти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ / Таҳияи М. Олим // Бо роҳи Ленин. – 1992. – 23 январ.
Шарҳи мухтасари тарҷимаи ҳоли Ҷалолиддини Балхӣ // Анбоз. – 1993. – 24 феврал.
Бердизода, Т. Нури каломи Мавлоно: Таълимоти инсон ва мавқеи он дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 21 октябр.
Саидзода, Ҷ. Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ: Нақл аз ҳаёти одамони наҷиб, фарзандони шарифи инсоният // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 5 феврал.
Мухтор, Ш. Ҳова – духтари фаронсавии Мавлонои Румӣ // Адаб. – 2000. – № 3. – С.23.
Комил, А. Сухане чанд аз рўзгори Мавлоно Ҷалолиддин Балхии Румӣ // Тамаддун. – 2003. – № 3. – С.4-8.
Ҳодизода, Р. Ҷаҳон ба Румӣ эҳтиёҷ дорад: Ба пешвози ҷашни 800-солагии Ҷ. Румӣ // Ҷумҳурият. – 2007. – 2 август.
Шариф, М. Оё сабаби ҳиҷрати Мавлоно танҳо ранҷиш буд?: Ҷалолиддини Балхӣ ё Румӣ // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 27 октябр.
Раҳмонӣ, Р. Мавлоно – пайвандгари фарҳанги Тоҷикистону Туркия: Ба ифтихори ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Конияи Туркия // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 10 декабр.
Насриддин, А. Қадимтарин сарчашма дар шинохти Мавлоно: Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 7 январ.
Зиёев, Х. Дар каф надорам санг ман…: Перомуни чанд андешаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ оид ба сулҳу сулҳпарварӣ // Ҷумҳурият. – 2011. – 29 сентябр.
Зиёев, Х. Шеър аз куҷо, ман аз куҷо: Андешае чанд перомуни каломи мансури Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ // Ҷумҳурият. – 2012. – 27 сентябр.
Рўзи Мавлоно: 30-юми сентябр – Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ // Тоҷикистон. – 2013. – № 9-10. – С.24.
Шиммел, А. Таъсири Мавлавӣ дар Шарқу Ғарб: Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ / Таҳияи Ш. Шокирзода, М. Шодӣ // Адаб. – 2014. – № 3. – С.22-27.
Зиёев, Х. Номаҳои мансуру манзуми Мавлоно: 30 сентябр – Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ // Ҷумҳурият. – 2015. – 30 сентябр.
Азорабеков, С. Робитаи маънавии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо Ҷалолуддини Балхӣ: Бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 4 октябр.
Нуров, П. Аз рўзгор ва осори Ҷалолиддини Балхӣ: 30 сентябр – Рўзи гиромидошти Ҷалолуддини Балхӣ // Ҳаёти нав. – 2017. – 30 сентябр.
Раҷабова, Ҳ. Устодони Мавлавӣ киҳо буданд?: Барои фатҳ кардани қуллаи баланди илму адаб кадом устодон дасти ёрӣ дароз кардаанд? // Чароғи маърифат. – 2018. – 30 сентябр.
Муҳиддинов, Б. Шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти орифи номдор ва шоири шаҳир Ҷалолиддин Мавлонои Балхӣ // Паёми Душанбе. – 2019. – 8 май.